ҲАМОИШ: РОБИАИ БАЛХӢ-СИМОИ БАРҶАСТАИ БОНУИ ТОҶИК
Бо ташаббуси устодони кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ ва китобхонаи донишкада ҳамоиши илмӣ-адабӣ бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ таҳти унвони “Робиаи Балхӣ-симои барҷастаи бонуи тоҷик” ташкил ва баргузор карда шуд.
Чорабинии мазкур бо баромади устоди кафедра, номзади илмҳои педагогӣ Хайринисо Темирова оғоз гардид. Мавсуф дар бораи ҳаёту фаъолияти аввалин бонуи суханвари тоҷик маълумот дод. Қайд гардид, ки Робиаи Балхӣ дар ҳусну ҷамол, фазлу камол, зеҳни тез ва қудрати шоирӣ машҳур буд. Падараш – ҳокими Балх Каъби Қаздорӣ ба шеъргӯйии духтараш монеъ намешуд. Пас аз вафоти падар Робиаро бародараш Ҳорис сарпарастӣ кард ва ба шеър гуфтани хоҳараш монеъ шуд. Робиа ба Бектош, ки ғуломи бародараш буд, ошиқ шуд. Вақте асрори ошиқон фош гардид, бародараш Ҳорис ӯро дар ҳаммоми тафсон андохт, ки ин боиси ҳалокати шоир гардид.
Омӯзгори калони кафедра М. Ҳалимова дар баромадаш қайд кард, ки қатли Робиа хашму ғазаби мардумро овард ва ба эҷодиёти адибони асрҳои минбаъда бетаъсир намонд. Масалан, Аттори Нишопурӣ дар ин бора манзума ва шоири муосири тоҷик Гулрухсор достон эҷод кардаанд.
Робиа дар сурудани ашъори ошиқона устод буда, шеърҳои ишқии Рӯдакиро сармашқи кори худ қарор додааст. Аз Робиа 7 ғазал, 4 дубайтӣ ва 2 фардбайт боқӣ мондааст, ки 55 байтро ташкил медиҳад, ва дар пояи баландтарини шеъри форсӣ эҷод шудааст ва арзиши як девони калонҳаҷмро дорад.
Омӯзгори калони кафедра Н. Хоҷаева зимни маърӯзаи худ афзуд, ки фалсафаи Робиаи Балхӣ аз муҳаббат ба илму дониш ва эҷоди шеър сарчашма мегирад. Ин бонуи хирад дар шароити муосири Тоҷикистон барои насли ҷавон, махсусан, занону духтарон намунаи ибрат мебошад. Ҷашни 1050-солагии Робиаи Балхӣ ба феҳристи бузургдоштҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2026-2027 шомил шудааст.
Сипас, тибқи барнома видеонамоиш оид ба ҳаёти Робиаи Балхӣ манзури иштирокдорон гардид. Ҳамзамон аз тарафи донишҷуён намунаҳо аз эҷодиёти шоир қироат карда шуд.
Намоиши асарҳои бонувони суханвари адабиёти форсу тоҷик ва таҳқиқотчиёни осори Робиаи Балхӣ ба ҳусни маҳфил ҷилои тоза бахшид.
Дар фарҷом номзади илмҳои филологӣ М. Раҳматова қайд кард, ки дар арсаи байналмилалӣ ҷашнгирии солгарди шоири шинохтаи форсу тоҷик Робиаи Балхӣ, ки ҳамзамони Устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ буда, дар замони Сомониён зиндагӣ кардааст, аз эътирофи маданияту фарҳанги бою бостонии миллати тоҷик аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ дарак медиҳад.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО